АВВАЛИН КИТОБНОМАИ ОҲАНГСОЗ ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ БА ТАБЪ РАСИД
Душанбе, 23 октября. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Бо кӯшишу талошҳои директори Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ ва корманди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Ҷӯрабой Раҷабов китобномаи шарҳиҳолии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳиди таҳти унвони «Зиёдулло Шаҳидӣ», ба муносибати чашни 95- солагии ин оҳангсози нотакрору маъруфи халқи тоҷик, ба табъ расид, ки он барои кушодани паҳлуҳои серҷабҳаи ҳаёту фаъолияти ӯ кӯмак мерасонад. Китобномаи мазкур аввалин кӯшишест, ки дар даврони сохибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зиндагиномаи Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ, оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ рӯи чоп омадааст. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, санаҳои муҳими зиндагиномаи оҳангсоз ва қисматҳои «Асарҳои Зиёдулло Шахидӣ» ва «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ» иборат буда, барои дарёфти маводи лозима бо кумакфеҳристҳо (алифбоии асарҳо ва ашхос ба забонҳои то-ҷикию русӣ) таъмин аст ва дар охир «Руйхати сурудҳои бачоп расидаи Зиё¬дулло Шахидӣ» замима гардидааст. Муаллифи мақолаи муқадимавӣ, фарзанди оҳангсоз, номзади илмҳои филология Мунира Шаҳидӣ, хеле бамаврид дар китобнома қайд кардааст, ки «китобномаи шарҳиҳолии мазкур аз соли 1932 (аз синни 18- солагии охангсоз), яъне аз вақти оғози фаъолияти меҳнатии Зиёдулло Шаҳидӣ дар студияҳои радиои шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Сталинобод (ҳоло Душанбе) шурӯъ мешавад. Вале қазоват бояд кард, ки эҷодиёти оҳангсоз чӣ гунна ташаккул ёфтааст ва кадом омилҳо ба он замина гузоштаанд. Аз ёддоштҳои худи устод бар меояд, ки ӯ сурудхонӣ ва омӯзиши ҳунари мусиқи-ро дар шаҳри Самарқанд, аз мактаби шашмақомхонони Ҳоҷӣ Абдулазиз оғоз кардааст. Баъдан ӯ дар студияҳои оҳангсозии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи шаҳри Москва истеъдоди фитриашро сайқал додааст» ва баъ¬дан Мунира Шаҳидӣ суханашро идома дода менависад, ки «асарҳои устод Зиёдулло Шаҳидӣ… пайвандгари мусиқии классикии Осиёи Марказӣ ва Аврупо буда, ба намунаҳои мусиқии навини тоҷик ва фарҳанги мусиқии муосири чаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд…». Дар қисмати «Саҳнаҳои муҳими зиндагиномаи Зиёдулло Шаҳидӣ» хонанда бо факту далелҳои наву тоза ва ноаён шинос мешавад. Мутолиакунанда дар қисмати «Асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ»-и Китобнома бо зиёда аз 225 номгӯи асарҳои оҳангсоз ду опера ва пораҳо аз онҳо, даҳ асари симфонӣ, дувоздаҳ асари камеравию инструменталӣ, сенздаҳ мусиқӣ барои спектаклҳо (намоишномаҳо), мусиқӣ барои чор кинофилм ва сабтҳои телевизионӣ, ҳашт асари калони вокалию симфонӣ, ҳафт суйитаи вокалию хореографӣ, беш аз яксаду панҷоҳ суруд, таронаву романсҳои эҷодкарда ва мақолаҳои навиштаи Зиёдулло Шаҳидӣ маълумот пайдо кар¬да метавонад. Дар ин қисмат номгӯи дастнависи асарҳои ӯ, ки дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфуз мебошанд, низ пешкаш карда шудааст, ки ин ба фарогирии пурраи осор, таҳқиқу тарғиб ва интишори минбаъдаи онҳо дар байни донишандӯзон мусоидат менамояд. Дар қисмати «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ» бошад, хонанда бо номгӯи 250 китобу мақола ва тақризаҳо низ нисбати оҳангсоз шинос мегардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар кишвар кам оҳанг-созе монанди Зиёдулло Шаҳидӣ ёфт мешавад, ки нисбаташ чунин миқдор китобу мақола навишта бошанд. Дар Китобнома унвони ҳамаи асарҳо ба забони аслу тибқи стандарти нав тасвир шудааст ва онҳо аз рӯи таърихи чопашон солшуморӣ (дар дохил аз рӯи алифбо) чобаҷо гузошта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






