БА ПОЙТАХТ МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ ВОРИД ШУДАНД

Октябрь 21, 2009 15:56

                 Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр 8 адад мошини коммуналӣ ба шаҳри Душанбе ворид карда шуд. Ин мошинҳо дар асоси қарордоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи истеҳсоли мошинҳои коммуналии шаҳри Мтсенск» -и Федератсияи Русия ба Душанбе оварда шуд.                 Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ то аввали моҳи ноябри соли равон 40 адад техникаҳои коммуналӣ ва 24 адад контейнерҳои партовҷамъоварӣ барои эҳтиёҷоти раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияи пойтахт ба маблағи беш 11 миллион сомонӣ ба шаҳр ворид карда мешаванд.

Октябрь 21, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад