БА ЗИМИСТОН ОМОДА СОХТАНИ ИНШООТИ ХОҶАГИИ КОММУНАЛӢ
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ оиди ба шароити зимистон омода кардани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳои муайян андешида мешаванд. То моҳи октябри соли ҷорӣ таъмири 76 дегхона ба нақша гирифта шуда буд, дар асл ҳамагӣ 37 дегхона ё 48,7 фоизи онҳо таъмир шуданд. Тибқи нақшаи пешакӣ, иваз кардани 346,4 км шабакаи гармирасонӣ дар назар дошта шуда буд, амалан бошад, 134,5 км шабакаи гармирасонӣ иваз карда шуд, ки 38,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Иваз намудани 55 км қубурҳои садамадида ба нақша гирифта шуда буд ва боиси таассуф аст, ки ҳамагӣ 4,8 км ё худ 8,7 фоиз корҳо дар ин самт иҷро карда шуданд. Таъмири системаи гармирасонии 245 биноҳои баландошёна пурра анҷом ёфтааст, Ҳамчунин таъмири 255 боми биноҳо ба охир расонида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






