БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ ИДОРАИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Яке аз масъалаҳое, ки мо ба мувофиқа расондем ин бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи назорати молиявии давлатӣ буд,- қайд намуд директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов дар нишасти матбуотие, ки бахшида ба маҷлиси нӯҳуми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Ӯ қайд намуд, ки «мо бо сардори Палатаи назорати молиявии Федератсияи Русия Сергей Степашин ба ифоқа расидем, ки аз ҳамин сол сар карда дар донишгоҳҳои Русия, аз он ҷумла дар институти илмии таҳқиқотие, ки дар назди палатаи ҳисоботӣ аст бозомӯзии кормандони идораи назорати молиявии моро ба роҳ монем». Инчунин, иштирокчиён оид ба нақши мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодиро муҳокима намуданд, ва қайд гардид, ки ҷаласаи навбатӣ соли 2010 дар шаҳри Арманистон баргузор мегардад. Бояд қайд намуд, ки раёсати Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар давраи навбатӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






