ЧИТЧИЁН АЗ «САНГТӯДА-2» БОЗДИД НАМУД
«Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳандис Ҳамиди Читчиён шоми 22 октябр ба Душанбе омад. Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи асосии сафари Ҳамиди Читчиён ба Тоҷикистон шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2» аст, ки аз ҷониби ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон сохта мешавад. Бо ин мақсад муовини вазири энергетикаи Эрон субҳи 23 октябр ба маҳалли сохтмони НБО-«Сангтӯда-2» рафт. Дар назар аст, ки муовини вазири энергетикаи Эрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар бахши энергетика баррасӣ менамоянд. Ҳамиди Читчиёнро дар сафар ба Тоҷикистон мудирони Бонки тавсеаи содироти Эрон ва Сандуқи кафолати арзии ин кишвар ҳамроҳӣ менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






