ДАР ДУШАНБЕ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ БАРРАСӢ ШУД
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Семинарии миллӣ оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти иншоотҳои гидротехникӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Иқтисоди Аврупоии СММ доир гардид. Иштирокдорон ва баромадкунандагони семинар қайд намуданд, ки амнияти иншоотҳои гидротехникӣ қисми таркибии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифз ва нигоҳдории онҳо масъалаи мубрами рўз мебошад. Коршиносони ҷумҳурӣ зарурати пурқувват кардани пояҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқии амнияти иншоотҳои гидротехникиро дар ҷумҳурӣ қайд намуда, иброз доштанд, ки имконияти таъсиси сохтори дахлдори миллӣ оид ба ин масъала ва қонунгузории дахлдорро зарур шумориданд. Масъалаи мазкур аз он сабаб муҳим мебошад, ки сарбандҳои калонтарини минтақаи Осиёи Марказӣ ва иншоотҳои нодири гидротехникӣ дар ҷумҳурии мо ҷойгир мебошанд. Қайд карда шуд, ки ҷумҳурии мо дар пешбурд ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд пешоҳанг бошад ва тамоми масоили ин ҷанбаъ бояд пеш аз ҳама ба манфиати ҷумҳурӣ ва мардуми он ҳаллу фасл гардад. Дар ҷаласа лоиҳаи Созишномаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба амнияти иншоотҳои гидротехникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Коршиносони ватанӣ қайд карданд, ки созишномаи мазкур таҳрирталаб буда, дар он манфиати ҳамаи ҷонибҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Дар сохтмони иншоотҳои бузурги гидротехникӣ, аз ҷумла сарбандҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои амният ва устувории онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва гувоҳи ин якчанд рўз пеш аз ҷониби Комиссияи Байналмилаллии Сарбандҳои Бузург ба Сарбанди ГЭС-и Норак додани серфтикати махсуси амният ва устуворӣ мебошад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ оид ба иншоотҳои гидротехникӣ ва сарбандҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи онҳо пеш аз ҳама ба манфиати ҷумҳурӣ ва бо назардошти нарасонидани зарар ба давлатҳои ҳамсоя мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои бамиёномада буда, муоширотро асоси таҳкими чунин муносибатҳо мешуморад. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми баргузории Форуми Ҷаҳонии Об дар ш. Истамбул пешниҳод намуда буданд, ки соли 2012 Соли Байналмилалии Дипломатияи Об эълон карда шавад. Қабули чунин изҳорот имкон медиҳад ва тамоми мамолики дунёро водор месозад, ки роҳҳои нави танзими муносибатҳои обиро байни давлатҳои ҳамсарҳад бо назардошти манфиати якдигар дарёфт намоянд. Дар кори семинар намояндагон ва коршиносони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ – мелиоратсия ва захираҳои об, корҳои хориҷӣ, энергетика ва саноат, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Академияи илмҳо, «Барқи тоҷик», НОБ –ҳои Роғун ва Норак, Барномаи Рушди СММ, Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналимилалии Наҷоти Арал, Маркази Минтақавии Экологӣ дар Осиёи Марказӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд. Оиди масъалаҳои мазкур тависяҳои дахлдори семинар қабул карда шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






