ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТ ДАР НӯҲМОҲА ЗИЁД ШУД
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар нӯҳ моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 955 миллион маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 431 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 23 октябри соли равон. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки даромад аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба андозаи 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз як миллиарду 607 миллион сомони маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 54 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 292 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷроиши он 100,7 фоизи нақша иҷро шуд. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми буҷети давлатӣ 3 миллиарду 847 миллион сомониро ташкил дод ва ба он аз ҳисоби маблағҳои махсус 175 миллион сомонӣ, аз ҳисоби грантҳо 142 миллион сомонӣ, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 204 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 371 миллион сомонӣ ҷалб гардид. С. Наҷмуддинов, ҳамчунин оид ба чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он сухан кард. Аз ҷумла, зикр кард, ки новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба паст намудани шиддатнокии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, таъсири он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ бо сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам гардидани интиқоли маблағҳо аз хориҷӣ кишвар, паст гардидани ҳаҷми воридоти мол ҳоло ҳам назаррас мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи як миллиард доллари амрикоӣ кам гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






