ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ
23 юми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатии худ ба Федератсияи Русия бо роҳбарият ва ҳайати омӯзгорию профессорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов мулоқот намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди онҳо ба нақши ин донишгоҳи дорои обурӯю нуфузи ҷаҳонӣ дар ташкил ва рушди таҳсилот ва илм дар Тоҷикистон, омода кардани олимон ва мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таъмини муассисаҳои илмию таълимии мо бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ баҳои баланд дода, ба идомаи минбаъдаи анъанаҳои хуби ҳамкории илмию таҳсилотӣ бо Русия ҳавасмандии устувори давлати Тоҷикистонро таъкид намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари бисёр хатмкардагони ин донишгоҳ дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд. Аз ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба кушодани филиалҳои ду донишкадаи бонуфузи дигари Маскав дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда шуд. Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандааш дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, бо унвони «Профессори фахрӣ» — и ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ сарфароз гардонда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






