ГӮШТИНГИРОНИ ТОҶИК САЗОВОРИ ҲАФТ МЕДАЛ ГАШТАНД

Октябрь 22, 2009 13:27

                 Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат).- Дар шаҳри Самокови Болгария мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба гӯштини тарзи самбо дар байни наврасон ба охир расид.                Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгарон аз 25 давлати ҷаҳон ва инчунин аз Тоҷикистон иштирок карданд.                  Варзишгарони тоҷик Акмалиддин Каримов ва Лутфулло Розиқов соҳиби медали тилло, Сайёд Шайхов соҳиби медали нуқра гардиданд. Хушбахт Назаров, Рашид Раҳимов, Нурулло Неъматов ва Комроншоҳи Устопириён соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқот гардиданд.

Октябрь 22, 2009 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад