ГЕОЛОГҲО ҶОЙҲОИ ХАВФНОКРО МУЙЯН КАРДАНД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, дар 9 моҳи соли 2009 аз рӯи дархости вазорату идораҳо дар 110 деҳаи аҳолинишини ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Файзобод, Ваҳдатд, Рӯдакӣ, Панҷ, Шаҳритус ва шаҳрҳои Нораку Турсунзода тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани ин тадқиқот, аз ҷониби геологҳо пешниҳод гардид, ки 134 оила аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд. Дар 192 деҳаи аҳолинишини ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Вахш, Ваҳдат, Файзобод, шаҳри Норак ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадқиқоти муҳандисӣ — геологии нақшавӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон дод, ки дар ноҳияҳои Файзобод ва шаҳрҳои Ваҳдату Норак асосан хавфи ярч, сел зиёд буда, замини ин минтақаҳо гирифтори эрозия мебошад. Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ хавфи сел, тармафуроӣ ва афтидани сангҳо дар минтақаҳои аҳолинишин мушоҳида гардид. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур пешниҳод карда шуд, ки аҳолии минтақаҳои хавфнок ҳарчӣ зудтар аз ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






