ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ДУЗДОНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ДАСТГИР ШУДАНД

Октябрь 16, 2009 15:28

                 Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Ҳаитов Акрам). – Директори генералии ҶСШК «Ангишт» — и КВД «Нафту газ ва ангишт» — и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҳаким Собитович бо маслиҳати пешакӣ бо сардори шӯъбаи таъминот Тошхуҷаев Ф., сармуҳосиб Ахунов Р., хазинадор Каримова Б. ба дуздии маблағҳои пулии ҶСШК «Ангишт» даст задаанд. Роҳбарони мазкур бо тарзу усулҳои гуногун 178 000 ҳазор сомониро аз фурӯши ангишт тасарруф намуданд. Нисбат ба ин амали Маҳмудов Ҳ.С. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ бо банди «б» қисми 4 моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот давом дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.                      Ҳамчунин аз Агентӣ иттилоъ доданд, ки Равшанов Алишер Музафарович хазиначии Агентии алоқаи ҳавоии КВД — и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 4 чипта ба хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе пур карда маблағи 17657,60 сомониро ба хазина ворид накарда, азони худ кардааст. Оид ба ин ҳодиса аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар нақлиёт бо моддаи 245 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиш идома дорад.                  Ғайр аз ин Раҳимов Шавкат Салимович, муовини директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №68 — и ноҳияи Спитамен оид ба корҳои таълиму тарбия, аз мақоми хизматии худ истифода бурда, барои дар мӯҳлати як ҳафта тайер кардани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В,С» аз шаҳрванд «Ф» ба сифати пора 350 доллари ИМА талаб кардааст. 19 августи соли ҷорӣ Рауфов А.Ш. , ки бо супориши Раҳимов Ш.С. аз шаҳрванд «Ф» 350 доллари ИМА гирифт, дастгир карда шуд. Нисбати Раҳимов Ш. ва Раупов А. аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бо моддаи 319 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, барои баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст. 

Октябрь 16, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд