ИНТИХОБОТИ ТАКРОРӢ ДАР АФҒОНИСТОН
Вашингтон, 16 октябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Тавре сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Ҷовид изҳорот пахш кард, имконияти баргузории интихоботи такрории президентӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад. Мувофиқи суханони сафир Саид Ҷовид баъд аз чанд рӯз натиҷаи интихоботи даври аввал эълон карда мешавад. Аммо, даври дуюми интихоботи президентӣ то моҳи ноябри соли ҷорӣ бояд баргузор гардад. Зеро шароити сарди зимистони мамлакат имконият намедиҳад, ки интихобот дар ҳамаи гӯшаву канори Афғонистон гузаронида шавад. Дар навбати худ кашол додани интихоботи президентӣ то баҳор ба мураккаб шудани фазои сиёсӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Ёдрас мешавем, ки интихоботи президенти Афғонистон 20 август баргузор шуда буд, вале то ҳоло комиссияи интихоботӣ натиҷаи овоздиҳиро муайян накардааст. Мувофиқи баъзе мушоҳидаҳо ва изҳороти нозирони интихобот дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ ҳодисаҳои вайронкорӣ ва тақаллуб ҷой доштаанд. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ 54,6 фоизи интихобкунандагон раъйи худро ба президенти феълии мамлакат Ҳомид Карзай доданд. Дар ин бора шабакаи иттилоотии Associated Press хабар дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






