ИНТИХОБОТИ ТАКРОРИИ ПРЕЗИДЕНТ
Кобул, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки 7 ноябри соли ҷорӣ интихоботи такрории президент баргузор мегардад. Президенти мамлакат Ҳомид Карзай дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сенатори амрикоӣ Ҷон Керри аз ин қарори комиссия дастгирӣ кард. Дар нишасти конфронсӣ, ки ба воситаи телевизиони миллии мамлакат мустақиман намоиш дода шуд сафири ИМА дар Афғонистон Карл Эйкенберри низ иштирок кард. Ёдрас мешавем, ки комиссияи мустақили интихоботӣ дар асоси ҳисоби такрории овози интихобкунандагон дар 210 участкаҳои интихоботӣ ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ва тақаллубкориро ба қайд гирифта натиҷаҳои интихоботро бекор кард. Бинобар ҳамин шумораи овозҳои гирифтаи Ҳомид Карзай камтар гардида, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 47,30 фоизи овози интихобкунандагонро ташкил дод. Мувофиқи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон агар ягон номзад ба мансаби президентӣ 50 фоиз ва 1 овози интихобкунандаро соҳиб нашавад, он гоҳ даври дуюми интихобот бо иштироки ду номзади дар даври аввали интихобот аз дигарон зиёд овозгирифта, барпо карда мешавад. Котиби генералии СММ Пан Ги Мун вобаста ба қарори комиссияи интихоботӣ изҳор кард, ки намояндагони СММ ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки даври дуюми интихоботи президент ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






