КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 6, 2009 16:17

                 Кӯлоб, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмак пайваста ба эҳтиёҷмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад. Бояд гуфт, ки ба беш аз 80 хоҷагии шаҳри Кӯлоб, бар асари боронҳои сели моҳи майи имсола зарари молӣ расида, беш аз бисту чор оила аз манзили зисти хеш маҳрум гардида буданд. Бо мақсади муайян намудани зарари ба шаҳрвандон расида, як комиссияи босалоҳият аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд, ки он хисороти аз офати табиӣ расидаро муайян намояд.                  Ҳайати комиссия таи як ҳафта аз ҳамаи оилаҳои зарардида дидан намуда, санадҳои тасдиқкунандаи миқдори зарари расидаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар мувофиқа ба санадҳо ба шаҳрвандон кӯмак муқаррар карда шуд.                  Дар навбати аввал ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла аз 2,5 то 5 тоннагӣ семент дастрас гардид, ин кӯмак дар навбати аввал ба шаҳрвандоне, ки аз манзили зисташон маҳрум гардида буданд, расонида шуд. Шаҳрвандон барои ин ғамхориҳо миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.                    Бино ба иттилои масъулин дар рӯзҳои наздик дигар масолеҳи сохтмонӣ низ ба ниёзмандон расонида хоҳад шуд. 

Октябрь 6, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад