КОНФРОНСИ НАХУСТИНИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз дар Душанбе вобаста ба Созишномаи нақлиётии Комиссияи иқтисодии СММ конфронс баргузор шуд. Конфронс бо ташаббуси лоиҳаи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар ҳамдастӣ бо вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар ҷараёни конфронс асосан масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷ Созишномаи нақлиётии Комиссияи иқтисодии СММ, ки айни ҳол аз тарафи ҳукумати мамлакат мавриди омӯзиш қарор доранд, баррасӣ карда шуд. Конфронсро вазири нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат Олимҷон Бобоев ва мудири минтақавии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷеффри Лерер кушоданд. Дар конфронс қайд гардид, ки «Созишномаи нақлиётии Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ барои бо ҳам мутобиқ кардани қоидаҳои ҳамлу нақли бор дар сарҳад, назорати сарҳадӣ, қоидаҳои ба кормандони соҳаи нақлиёт дахлдошта, талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, коркарди масолеҳи хӯрока ва молҳои хавфовар равона карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба ин созишномаҳо интиқоли молро ба воситаи сарҳад осон хоҳад кард, ки ин дар навбати худ ба рушди тиҷорат дар мамлакат мусоидат мекунад. Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки зиёд кардани ҳаҷми савдо ба поён шудани нархи молҳои воридотӣ ва афзудани даромади кишвар аз молҳои воридотӣ оварда мерасонад». Бояд гуфт, ки аз соли 1993 то ин ҷониб ИМА дар доираи барномаи USAID барои рушди институтҳои демократӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 300 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






