ЛОИҲАИ НАВ БАРОИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ МАМЛАКАТ
23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии лоиҳаи нав оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагии мамлакат сурат гирифт. Лоиҳаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири миллии лоиҳа Лариса Кислякова, мудири шӯъбаи сиёсат ва барномаҳои Маркази байналмиллалии савдо (МТЦ ЮНКТ АД/ВТО) Фридрих фон Киржбах ва муовини Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Николя Гигас имзо карданд. Лоиҳаи нав оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ҷониби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Маркази байналмиллалии савдо дар ҳамкорӣ бо вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати барқ ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур барои дастгирии кормандони саноати бофандагӣ ва дӯзандагии мамлакат равона шуда, ба рушди минбаъдаи соҳа, зиёд намудани имкониятҳои техникӣ, муҳайё кардани шароитҳо барои содирот ва савдои маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






