М.НЕЪМАТОВ: БАРОИ ЭХЁИ «ШОХРОХИ АБРЕШИМ» «ДАРКУШОӢ МЕБОЯД, НА ДАРБАНДӢ «
Анталия, 23 октябр. /АМИТ Ховар, Наталя Михайлова/. — Имрӯз дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 2-юми Вазирони туризми кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуд. Маликшо Неъматов дар мавзӯъи муҳимияти рушди туризми минтақавӣ сухан ронда иброз дошт, ки дар ин самт дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода истодааст. Аз ҷумла дар доираи сиёсати дарҳои кушод барои 80 кишвари олам тартиби соддаи гирифтани раводидро пешбинӣ намудааст.Тамоми монеаҳои рушди туризм бардошта шудаанд ва барои ҷалби сармоя фазои мусоиди инвеститсионӣ фароҳам оварда шудааст.Дар рушди инфрасохтори туристӣ аз қабили сохтмон,таъмиру тармими роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо,кушодани сайрхатҳои нави ҳавоӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои бои туристии кишвар корҳои назаррас анҷом дода шудаанд ва Тоҷикистон дар рушди туризми минтақавӣ манфиатдор буда, дар ин самт бо кишварҳои аъзои ЭКО ҳамкорӣ менамояд. М.Неъматов ба масъалаи эҳёи сайрхати туристии "Шоҳроҳи Абрешим", ки аз он тамоми кишварҳои минтақа метавонанд, манфиат ба даст оранд,дахл карда иброз дошт, ки барои эҳёи ин роҳи таърихӣ кишвархои минтақаро "даркушоӣ мебояд на дарбандӣ". Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа масъалаи таъсиси Вебсайти туристии ягонаи кишварҳои аъзои ЭКО, Баргузории намоишгоҳи туристии кишварҳои аъзои ЭКО, Маълумотномаи якҷояи туристии кишварҳои аъзои ЭКО. Баргузории семинару курсҳои якҷояи омӯзишии мутахассисони кишварҳои аъзо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Дар охири кори ҷаласа муроҷиатномаи вазирони туризми кишварҳои аъзои ЭКО қабул карда шуд. Ёдовар мешавем, ки Созмони ЭКО созмони минтавақавӣ буда, ба он даҳ кишвари минтақа Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия,Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Киргизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






