МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КАМ ШУД

Октябрь 23, 2009 08:55

                  Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар 9 моҳи соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 313,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 17,8 фоиз кам аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноати пахтатозакунӣ (74,8 фоиз), маҳсулоти саноати пахтагин (90,5 фоиз) ва абрешимӣ (63,7 фоиз) коҳиш ёфтааст. Дар айни ҳол, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ (137,5 фоиз) ва кашбофӣ (105,3 фоиз) зиёд шудааст.                   Аз 149 корхонаҳои соҳа танҳо 45 фоизашон истеҳсолотро нисбат ба 9 моҳи аввали соли 2008 зиёд намудаанд.                  Дар саноати озуқаворӣ бошад, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 792,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 15 фоиз кам аст. Аз ҷумла истеҳсоли корхонаҳои саноати равғану чарбӣ — 62,9 ва дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ 85,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Октябрь 23, 2009 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!