МАҶЛИСИ САЙЁРИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНӢ

Октябрь 5, 2009 15:35

                 Москва, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Пагоҳ, 6 октябр, дар Ҷумҳурии Белорус маҷлиси сайёри комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ дар мавзӯи «Омӯзиши вазъияти сиёсӣ-ҳарбӣ дар минтақаи Аврупои шарқии СААД» баргузор мегардад. Маҷлис ду рӯз давом мекунад. Аъзои комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ аз Академияи ҳарбӣ, Ситоди асосии  қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, инчунин яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Белорус дидан мекунанд.                    Ёдрас мекунем, ки ин сеюмин маҷлиси сайёри комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи Парлумонии СААД вобаста ба ҳолати ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои созмон мебошад. Соли 2007 намояндагони парлумон вазъияти ҳарбӣ-сиёсиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва соли 2008 дар минтақаи Қавқоз мавриди омӯзиш қарор дода буданд.

Октябрь 5, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!