МАНБАИ КАСАЛИИ СИЛ- МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИАНД
Бадахшон, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи вилоятии касалиҳои сил Маъзур Меҳтаршоев имрӯз дар беморхона 185 мариз табобат мегиранд, ки беш аз 100 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатианд. Аз сабаби он, ки катҳои беморхона танҳо барои 60 нафар мувофиқ гардонида шудааст, як қисмати онҳо дар хонаҳояшон табобат мегиранд. Табобат тибқи барномаи ДОТС ҷараён дорад ва ройгон аст. Ба гуфти Маъзур Меҳтаршоев соли ҷорӣ ин беморӣ асосан дар навоҳии Роштқалъаву Ишкошим ба қайд гирифта шуд, зеро муҳити табии ин навоҳӣ хеле сард аст. Монеаи пешбурди кор асосан нарасидани духтурони касалии сил мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






