МАШВАРАТИ МАРЗБОНОН ДАР МИНСК

Октябрь 1, 2009 10:39

                   Минск, 1 октябр. (АМИТ «Ховар» — belta.by). — Дирӯз дар Минск маҷлиси дурӯзаи гурӯҳи кории роҳбарони мақомоти марзбони ИДМ дар доираи конфронси байналхалқии бахшида ба проблемаҳои муҳофизати сарҳад анҷом ёфт. Дар он роҳбарони мақомоти марзбони 20 мамлакат, инчунин намояндагони Комиссияи Аврупо, Агентии марзбони Аврупо – «Фронтекс», муассисаи рушди СММ, Раёсати комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо, Созмони байналхалқии муҳоҷират, САҲА, Шӯрои фармондеҳони воҳидҳои низомии марзбони ИДМ, Агентии Федералии таҷҳизонидани сарҳадҳои Русия ва ғайра иштирок намуданд. Маҷлиси нахустини Конфронси байналхалқии бахшида ба проблемаҳои сарҳад моҳи майи соли равон дар Будапешт баргузор гардида буд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки Белорусия ба гурӯҳи кории роҳбарони мақомоти марзбон роҳбарӣ мекунад.                Дирӯз дар маҷлиси мазкур президенти Белорусия А.Лукашенко сухан карда, дар бораи аҳамияти тадбирҳои муштараки давлатҳо дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира сухан ронд. Таъкид карда шуд, ки ин проблемаро ягон давлати муқтадиртарини ҷаҳон танҳо бо қувваи худ ҳал карда наметавонад.

Октябрь 1, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад