МАСЛИҲАТҲОИ СУДМАНДИ РАВОНИВУ ҲУҚУКӢ БА ЗАНОН
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 228 зан оид ба хушунати оилавӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази «Боварӣ» фаъолият дорад ва равоншиносону ҳуқуқшиносони кумита дар нӯх моҳи соли равон ба 898 нафар занону духтароне, ки бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ба онҳо маслиҳатҳои судманди равониву ҳуқукӣ доданд. Бояд гуфт, ки дар ин давра, ба Кумита 316 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардид, ба 44 нафар кӯмаки тиббии ройгон расонида шуд ва 30 нафар соҳиби аробачаҳои маъюбӣ ва протез гаштанд. Ҳамчунин, 23 нафар довталабон аз оилаҳои камбизоат баъд аз муроҷиат ба Кумита ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






