МУБОРИЗА АВҶ МЕГИРАД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). Имрӯз, дар шаҳри Катманду дар доираи бозиҳои интихобӣ барои баромадан ба даври ниҳоии мусобиқоти Осиё футболбозони навраси тоҷик (то 16 сола) бозии дуввуми худро бо дастаи наврасон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мекунанд. Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик дар бозии нахустини худ бо футболбозони Баҳрайн бо ҳисоби 2 : 0 ғолиб омада буданд. Айни ҳол дастаи футболбозони тоҷик дар гурӯҳи В пешсаф буда, барои баромадан ба даври ниҳоии мусобиқоти Осиё имконияти воқеӣ доранд. Дастаи дигаре, ки имконият барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии мусобиқотро дорад, дастаи футболбозони навраси Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






