МУКОФОТ СОҲИБИ ХУДРО ЁФТ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 30 сентябр дар Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба иштирокчии амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Икромов дар вазъияти ботантана медали «Барои ҷасорат» супорида шуд. Медалро сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов супорид. И.Икромов бо медали мазкур 25 сол пеш бо фармони Раёсати Шӯрои олии ИҶШС аз 25 майи соли 1987 мукофотонида шуда буд. Хурсандиовар аст, ки мукофот ба соҳибаш дар арафаи иди 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар ҶБВ супорида мешавад, гуфт сафир. Халқҳои русу тоҷик дар ин ҷанг дӯш ба дӯши ҳамдигар ширкат варзида, маҳрумиятҳои калонро аз сар гузаронида, ғалабаи комилро таъмин намуданд. Бо медали «Барои ҷасорат» онҳое мукофотонида мешаванд, ки дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ ҷасорату мардонагӣ нишон додаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






