МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ФАРОНСА
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова.) — Дирӯз дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи махсуси президенти Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Терри Мариани мулоқот анҷом дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ – и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Фаронса, таъмини амнияти минтақа, мушкилоти об ва барқ, инчунин вазъияти Афғонистон муҳокима карда шуд. Дар рафти мулоқот ногузирии таъмини суботи сиёсӣ ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон бо роҳи татбиқ кардани лоиҳаҳои аҳамияти минтақавидошта чунончӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, сохтмони хатҳои барқгузар ва иншооти обёрикунанда таъкид гардид. Терри Мариани қайд кард, ки Тоҷикистон бо назардошти доштани таҷриба дар ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, яке аз кишварҳои марказии минтақа дар кори таъмин намудани субот ва амният дар Афғонистон дониста мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






