МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО Г. КАРАСИН
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дирӯз дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин, бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари раёсати иттилооти ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда, оид ба вазъият дар минтақа ва ҳамчунин доир ба омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия муколама сурат гирифт. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин дар доираи чорабиниҳои Конфронси сеюми ҳамватанони русиягии сокини Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, ба Душанбе омадааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






