МУШКИЛОТИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Москав, 23 октябр. («Ховар-АНИА-ИТАР-ТААС»). — Масъалаи пардохти маблағи муайян барои будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар ҳудуди Тоҷикистон, айни ҳол муҳокима нашудааст. «Масъала аз нигоҳи пардохтан ва ё напардохтани маблағ баррасӣ нашудааст, мо ҳоло роҳи баробар ҳисоб кардани маблағро пайдо накардаем», — хабар дод ба рӯзноманигорон вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқоти президентони ҳар ду кишвар. А.Сердюков ёдовар шуд, ки «Пойгоҳи низомии 201 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномае, ки мӯҳлаташ соли 2014 ба анҷом мерасад, қарор дорад». Айни ҳол гурӯҳи корӣ бо роҳбарии вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Сердюков ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ шарту шароитҳои Созишномаи навро коркард мекунанд. «Пойгоҳи низомӣ ё мисли аввала бе пардохти маблағ ва ё дар асоси пардохти маблағи муайян фаъолият хоҳад кард», — иттилоъ дод А.Сердюков. Ба ақидаи ӯ «ҷонибҳо дар омода кардани ҳуҷҷатҳо ба пешравиҳо ноил шудаанд, кор дар ин самт мутобиқи нақша ва босамар давом дорад». Аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ гузориш ба Президентони ҳар ду мамлакат омода карда мешавад, пас аз ин роҳбарони кишварҳо қарори дахлдор қабул хоҳанд кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






