МУЗДИ МИЁНАИ МАОШ ДАР ПОЙТАХТ ЧАНД СОМОНӢ АСТ?
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол музди миёнаи маош дар шаҳри Душанбе ба 620 сомонӣ баробар буда, аз музди миёнаи маош дар сатҳи ҷумҳурӣ 3 маротиба зиёд аст», гуфт дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров. Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳаётан муҳими вобаста ба рушди пойтахт, бахусус масъалаи шуғли аҳолӣ дар пойтахт баррасӣ гардиданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев оид ба ҷараёни иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2009 ва амалӣ намудани сиёсати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ҳисобот дод. Баррасӣ ва таҳлили амиқи паҳлӯҳои татбиқи Барномаи мазкур ва ҷараёни корҳои дар ин самт анҷомёфта, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев нокифоя арзёбӣ гардид. Раиси шаҳр ба муовини худ М. Сайфиев мӯҳлат дод, ки тибқи он то охири соли равон тадбирҳои воқеиро ҷиҳати иҷрои Барнома андешад. Инчунин, Барномаи марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо барои солҳои минбаъда омода намуда, ба муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






