НАХУСТИН САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 20 октябри соли ҷорӣ дар Қабулгоҳи Президенти Ҷумҳурии Чехия қасри Прагабург маросими супурдани эътиборномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Имомуддин Сатторов баргузор гардид. Баъд аз супурдани эътиборнома бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Вацлав Клаус ва ҷонишини Вазири корҳои хориҷии ин давлат табодули назар баргузор гардид. Дар рафти сӯҳбат ба Президенти Чехия оиди ба вазъи кунунии сиюсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мухтасар маълумот дода шуда. Дар рафти сӯҳбат , қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон хоҳони боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод ва фарҳанг бо Ҷумҳурии Чехия мебошад. Сафири навинтихоб И. Сатторов ба Президенти Чехия изҳор намуд, ки барои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои энергетикӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, туризм, мубодилаи мутахассисону донишҷӯён миёни ҳар ду кишвар заминаҳои хубу мусоид мавҷуд аст. Дипломати тоҷик аз имкониятҳои ҳамкориҳои Чехия ҳамчун узви Созмони Аврупо бо кишвари Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти минтақа ёдовар шуд. Ҷониби Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла ҷониби Ҷумҳурии Чехияро дар муътадил сохтани вазъи Афғонистон ва рушди иқтисодии он ҳамаҷониба дастирӣ менамояд. Имомуддин Мирзоевич Сатторов айни замон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон буда, ба ваколати ӯ ҳамакнун сафирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Берлин хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






