НИГОҲИ ДИГАР БА ТОҶИКИСТОН

Октябрь 14, 2009 10:17

                 Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар» — Наргис Бояҳмедова). — Дар Маскав муаррифии китобҳое, ки ба омӯзиши Осиёи Миёна ва Қафқоз бахшида шудаанд, баргузор гардид. Китобҳои мазкур бо дастгирии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсии Бунёди Роза Люксембург (Олмон) дарҷ шудаанд. Дар чорабинӣ олимон — шарқшиносони шинохтаи ҷаҳонӣ, тадқиқотгарон, мутахассисон иштирок доштанд.                   Тавре аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ доданд, чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Виталий Наумкин кушода таассуроти худро аз Симпозиуми байналмилалии Душанбе, ки ба 1310 — солагии Имоми Аъзам бахшида шуда буд, чунин баён кард:                    «Ин конфронс, ба андешаи ман, аз конфронсҳои сатҳи олӣ буд. Бахусус ҳайати иштирокчиёни конфронс муассиркунанда буд, дар ин ҳайат чеҳраҳои маъруфу бузурги Шарқ ва олами ислом, намояндагони муассисаҳои шарқшиносӣ ва исломшиносии ҷаҳон гирд омада буданд. Бо чашми сар дидам, ки Тоҷикистон имрӯз дар минтақа аз давлатҳое ба шумор меравад, ки миёни давлатҳои исломӣ ва Шарқ эҳтиром ва ҷойгаҳи хосаро касб кардааст. Рафти ин Форуми байналмилалӣ ва масоили дар он муҳокимашуда нишон дод, ки баҳогузорӣ ба вазъияти Тоҷикистон тағийроти ҷиддӣ мехоҳад. Лозим аст, ки аз қолабҳои кӯҳнаи баҳогузорӣ ба воқеоти Тоҷикистон даст кашем ва бо диди нав на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақа нигарем».                   Профессор В.Наумкин ба ҳамкории олимони Тоҷикистон ва Русия дар бахши шарқшиносӣ баҳои баланд дод.

Октябрь 14, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад