РОҲУ КӮЧАҲО ТО МОҲИ НОЯБР АЗ ТАЪМИР БАРОВАРДА МЕШАВАНД

Октябрь 27, 2009 16:32

                 Душанбе, 27 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Роҳҳои таҷдидшудаи кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Лоиқ Шералӣ, тибқи лоиҳаи азнавсозӣ, рӯзҳои наздик кушода хоҳад шуд. Ин масъала дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Доир ба ҳолат ва ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар роҳҳои пойтахт сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе Самандар Бобоев гузориш дод. Зикр шуд, ки алҳол комиссияи корӣ барои санҷиши корҳои анҷомёфта дар роҳҳои кӯчаҳои таҷдидшаванда ба фаъолият шурӯъ намудааст.                   Вобаста ба ин масъала Раиси шаҳр ба комиссияи марбутаи шаҳрӣ дастур дод, ки бо ҷалби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва мақомоти назорати давлатии соҳавӣ сифат ва мутобиқати корҳои суратгирифтаро ба талаботи лоиҳа мавриди санҷиш қарор диҳад. Инчунин, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки дар ин масъала комиссияи мазкурро ҳамроҳӣ намояд.

Октябрь 27, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд