РОҲУ КӮЧАҲО ТО МОҲИ НОЯБР АЗ ТАЪМИР БАРОВАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 27 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Роҳҳои таҷдидшудаи кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Лоиқ Шералӣ, тибқи лоиҳаи азнавсозӣ, рӯзҳои наздик кушода хоҳад шуд. Ин масъала дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Доир ба ҳолат ва ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар роҳҳои пойтахт сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе Самандар Бобоев гузориш дод. Зикр шуд, ки алҳол комиссияи корӣ барои санҷиши корҳои анҷомёфта дар роҳҳои кӯчаҳои таҷдидшаванда ба фаъолият шурӯъ намудааст. Вобаста ба ин масъала Раиси шаҳр ба комиссияи марбутаи шаҳрӣ дастур дод, ки бо ҷалби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва мақомоти назорати давлатии соҳавӣ сифат ва мутобиқати корҳои суратгирифтаро ба талаботи лоиҳа мавриди санҷиш қарор диҳад. Инчунин, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки дар ин масъала комиссияи мазкурро ҳамроҳӣ намояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






