САФАРИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА ВАШИНГТОН АНҶОМ ЁФТ

Октябрь 21, 2009 15:34

                 Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИМА анҷом ёфт. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафари корӣ собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов ва раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид намояндагӣ мекарданд. Сафари ҳайати корӣ бо мақсади иштирок дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ТИФА (Созишномаи Асосӣ миёни ҳукумати ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди савдо ва ҷалби сармоягузорӣ) ба амал омад.                  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Канагараҷа Сударшан ва Тапио Саавалайнен, бо муовини Намояндаи палатаи тиҷорати ИМА дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (USTR) Майкл Делейн ва роҳбари Хадамоти кор бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Виктория Кадер вохӯрд. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико муҳокима гардид. 

Октябрь 21, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад