САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
27-уми октябри соли 2009 нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод боз як пули калони дигар мавриди истифода қарор гирифт. Зимни сӯҳбат бо роҳсозон маълум шуд, ки ин яке аз чордаҳ пулҳои хурду бузург аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош бунёд меёбад. Дарозии ин пул 67 метр буда бо маблағи беш аз 6 млн сомонӣ сохта шуд. Худи ҳамин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин варзишгоҳи марказии шаҳраки навбунёди Дарбандро мавриди истифода қарор дода, бо шумораи зиёди намояндагони аҳолии ноҳияи Нуробод сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод. Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Нуробод ва кулли мамлакат маълумот дода, дурнамои ин сиёсатро дурахшону умедбахш арзёбӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






