САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТУРКМАНИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Туркменбошии Туркманистон рафт. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Туркменбошӣ, ки бо шиору овезаҳо оро ёфта, ҷузъу томҳои горди фахрӣ саф ороста буданд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Туркманистон бо эҳтироми хоса ва ҳусни ҳамсоягӣ истиқбол гирифтанд. Қобили таъкид аст, ки ин сафари корӣ бо ҷараёни мулоқотҳо ва натиҷаҳояш хеле ба сафари расмӣ шабоҳат дорад, зеро сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои бонуфузи ду ҷониб баррасӣ намуданд ва 4 санади нави ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид: — Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корхои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон; — Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ; — Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; — Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон. «Муносибот бо Туркменистони бародарӣ барои мо аҳамияти хоса дошт, дорад ва хоҳад дошт», — изҳор намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ аст барои рушди ҳамаи самтҳои робитаҳои судманди ду кишвар. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар навбати худ посух дод, ки дар муносиботи Туркманистону Тоҷикистон боварии байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамсоягию тафоҳум, дӯстию рафоқат ҳамеша мақоми хоса доранд. Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба ва ғайра. Кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар зарур шумурда шуд. Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро даъват намуд, ки барои ба сатҳи сифат нав баровардани муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Туркменбошии Туркманистон иттилоъ дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






