САТҲИ ЗИНДАГИИ АХОЛӢ БЕҲТАР ШУД
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти пешакӣ, даромади пулии аҳолӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 млрд. 802,9 млн. сомониро ташкил кард,- иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар. Тибқи ҳисоби оморӣ, арзиши маҷмӯи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба сабади истеъмолӣ дохил мешавад, барои рӯзгузаронии ҳар як нафар аҳолии кишвар моҳе мутобиқи меъёри ғизои истеъмолӣ бо нархҳои охири моҳи августи соли 2009 аз рӯи истеъмоли ҳақиқӣ 91 сомонию 51 дирам ва дар сурати меъёри истеъмоли оқилона 179 сомонию 22 дирамро ба ҳар як узви оила ташкил намуд. Музди миёнаи меҳнатии кормандон дар 9 моҳи соли 2009 дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ 285 сомонию 66 дирам (ё 64,92 доллари амрикоӣ) — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз беҳ шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар соли 2009 гувоҳӣ медиҳад, — афзуд вазир дар нишасти матбуотӣ.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






