ШАРТНОМАИ «БАРҚИ ТОҶИК» БО «ТУРБОАТОМ»
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 29 октябр сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳайати намояндагони Украинаро зери роҳбарии волии вилояти Харков Арсен Аваков дар сафари корӣ ба сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун роҳнамоӣ кард. Меҳмонон баъд аз шиносоӣ бо рафти сохтмон аз НБО Норак боздид ба амал оварданд. Ҳангоми сафар меҳмонони украинӣ изҳор карданд, ки кишвари онҳо омода аст дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ саҳмгузор бошад. Қабл аз ин миёни ҶС «НБО Роғун» ва ҶСК «Турбоатом» ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ҳамчунин миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Турбоатом» дар бораи истеҳсол ва таъмин кардани таҷҳизоти техникии неругоҳи барқӣ-обии Норак ба маблағи 2 миллион доллари ИМА созишнома ба тасвиб расонида шуд. Ҳамчунин миёни «Барқи тоҷик» ва заводи «Турбоатом» — и Украина созишнома дар бораи тайёр кардани 7 чарх барои агрегатҳои НБО Норак баста шуд. Аллакай 2 чархи он истеҳсол ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуданд, моҳи июл чархи аввал бомувафаққият иваз карда шуд, корҳо барои иваз кардани чархи дуввум дар арафаи анҷомёбист. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд, ҳайати Украина аз ҷиҳати намояндагӣ васеъ буда дар он роҳбарону мутахассисони ширкатҳои зерин: заводи «Электротяжмаш», ҶСК «Турбоатом», корхонаи давлатии «ФЕД», ПИТ «ХЕМЗ», корпоратсияи «Бисквит, Шоколад», ҶСП «Южкабель», ҶСК «Харьковский тракторный завод», корхонаҳои давлатии «Харьковский приборостроительный завод» ва «Харьковский завод шампанских вин», инчунин муассисаҳои таълимӣ -техникӣ шомил мебошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






