СОҲАИ КИШОВАРЗӢ РУШД МЕЁБАД
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуотии Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои кишоварзӣ ба 5186,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 фоиз зиёд мебошад. Махсусан дар соҳаи растанипарварӣ муваффақиятҳо бештар аст. Дар ин давра дар соҳаи зикршуда ба маблағи 3639,3 млн. сомонӣ ё 11, 2 фоиз ва чорводорӣ 1547,3 млн. сомонӣ маблағ ба даст оварда шудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон 2608,1 млн. сомонӣ, вилояти Суғд -1386,3, ВМКБ -159,5 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1032,7 млн. сомониро ташкил дод, ки мутаносибан 10,1, — 10,5 — 3,0 ва 7,7 фоиз зиёд аст. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки соҳаи кишоварзӣ сол то сол беҳтару хубтар рушд меёбад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






