СОХТМОНИ МАКТАБҲО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ 196 мактаб ба истифода дода шуд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, 5 сентябри соли равон. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин муддат аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ 30 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 25 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра аз ҳисоби Лоиҳаи грантии фонди каталитикӣ марҳилаи дуюм 4 ҳазору 290 дона мизу курсии талабагӣ 360 дона мизу курсӣ барои муаллимон 330 дона тахтаи синфӣ, 30 ҷуфт мебел барои утоқи кории директорони мактабҳо, 240 дона миз барои техникаи компютерӣ ва курсӣ, 330 дона ҷевон ба маблағи 407 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти мактабӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ фиристонда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2009 байни вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои маорифи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 14 созишномаю тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонда, инчунин, 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни кишварҳои аъзои ИДМ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






