ТАФТИШИ САБАБҲОИ МУНОҚИШАИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ҚАФҚОЗ
Брюссел, 1 октябр. (АМИТ «Ховар» — kavkaz — uzel. ru). – Комиссияи Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии дипломати Швейтсария Хайди Талявини сабабҳои сар задании муноқишаи мусаллаҳонаро дар Қафқоз тафтиш намуда, хулоса баровард, ки гунаҳкори асосии ҷанг Гурҷистон мебошад. Гурӯҳи мазкур ба тафтиши сабабҳои сар задани муноқиша моҳи декабри соли 2008 шурӯъ карда буд. Мӯҳлати пешниҳоди хулосаҳои он бо сабабҳои воқеӣ чандин маротиба мавқуф гузошта шуд. Роҳбари комиссия Х.Талявини дар Аврупо ва Осиё ҳамчун мутахассиси соҳаи таҳлилу баррасии амалиёти ҳарбӣ машҳур мебошад. Ӯ бо ҳафт забон, аз ҷумла, забони русӣ озодона сӯҳбат мекунад. Мақомоти Русия, Гурҷистон, Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ бо аъзои комиссия ҳамаҷониба ҳамкорӣ карданд. Аъзои комиссия дар ҷараёни тафтиш борҳо ба Иристони Ҷанубӣ, Гурҷистон ва Русия сафар карда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маълумоти лозимиро ҷамъ оварданд. Хабар дода мешавад, ки амалиёти доманадори ҳарбӣ дар байни Гурҷистон ва Иристони Ҷанубӣ шаби 8 августи соли 2008 шурӯъ шуда буд. Дере нагузашта Русия низ ба ҷанг шарик шуд. Ҷанги мазкур панҷ шабонарӯз давом кард. Президенти Русия 12 август дар бораи анҷоми амалиёти маҷбур сохтани Гурҷистон ба мусолиҳа қарор қабул кард. Бо ҳамин муноқиша дар Иристони Ҷанубӣ хотима ёфт. Акнун маърӯзаи гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Х.Талявини дар маҷлиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо муҳокима карда мешавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






