ТИЛЛОҲОИ БОНКИ МИЛЛИРО КӢ ТАФТИШ МЕКУНАД ?

Октябрь 16, 2009 11:59

                Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ширкати байналмилалии аудитии Эрнст энд Янг (Ernst & Young) тафтиши захираҳои тиллоии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонад» — чунин изҳор кард раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ.                Ҳаҷми умумии захираҳои тиллои Бонки миллӣ 331,8 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Дар захираҳои бонки миллӣ ба миқдори 4 тонна тилло ҳифз карда мешавад. Мувофиқи суханони раиси Бонки миллӣ айни ҳол дар ҷаҳон нархи тилло тамоюли боло рафтан дорад. Ҳоло як унтсия (31,1 грамм) тилло ба 1070 доллари ИМА баробар мебошад.                Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар муддати се сол ба ҳаҷми 116 миллион доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз медиҳад, ки аз ин ҳисоб, аллакай 40 миллион доллар ба мамлакат ворид шудааст. 

Октябрь 16, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад