«ТОҶИКСЕМЕНТ» ВА «КЕШСЕМЕНТ» ҲАМКОРИРО ТАВСЕА МЕБАХШАНД
Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории ҶСШК «Тоҷиксемент»-и Тоҷикистон бо заводи «Кешсемент»-и устони Сиистону Балуҷистони Эрон дар Душанбе зимни мулоқоти Директори генералии ҶСШК «Тоҷиксемент» Маҳмадсаид Зубайдов бо ноиби волии музофоти Сиистону Балуҷистони Эрон Хамид Алӣ Муборакӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурд, бахусус дар мавриди баъзе ашёҳое, ки аз он семент истеҳсол карда мешавад. Ҳамзамон, ҳайати тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шароити коргарон ва ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар ҶСШК «Тоҷиксемент» шинос гардиданд. Бояд зикр кард, ки ҳайати тиҷоратии музофоти Сиистону Балуҷистони Эрон тӯли як ҳафта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Ҳайат бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, роҳҳои минбаъдаи таҳкими ҳамкории самарабахши иқтисодию тиҷоратироь байни ду кишвар баррасӣ карданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






