ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ: 1740 ҲОДИСАИ СИРОЯТИ ВИЧ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз аввали бақайдгирии сирояти ВИЧ, яъне аз соли 1991 то 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1740 ҳодисаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 318 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки аз ин як ҳазору 388 ҳодиса дар байни мардон ва 352 ҳодиса дар байни занон пайдо шудааст.Сирояти ВИЧ дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 654 ҳодиса, дар вилояти Суғд 420 ҳодиса, вилояти Хатлон 332 ҳодиса, ВМКБ 123 ҳодиса ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 211 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз 1740 нафар сироятёфтагони ВИЧ ба қайд гирифта 427 нафар бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуда, аз ҷумла дар байни 101 нафар зани ҳомила ВНМО дарёфт карда, аз онҳо 55 нафарашон бо табобати зиддиретровирусии профилактикӣ бо мақсади пешгирии сирояти кӯдак фаро гирифта шудаанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






