ВОХӮРӢ БО МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТ

Октябрь 6, 2009 16:19

                 Кӯлоб, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бори нахуст дар тӯли чанд соли охир ба мушкилоти соҳаи журналистикаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зимни як вохӯрӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи муовини раиси вилоят Ҳикоятмоҳ Ҳакимова созмон дода шуда, дар он кулли намояндагии расонаҳои хабарии минтақа ширкат варзиданд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Дар ин ҳамоиш бахусус ба мушкилоти соҳа дар маҳалҳо ибрози назар карда шуд. Зимни нишаст аз ҷумла қайд гардид, ки дар аксари мавридҳо роҳбарони корхонаю ташкилот ва раисони ноҳияҳо ба хабарнигорон оид ба ин ё он мавзӯъ иттилоъ намедиҳанд. Инчунин қабул накардани хабарнигорон аз ҷониби мансабдорон кормандони васоити ахбори умумро ба ташвиш овардааст, ҳамчунин аз тарафи роҳбарон чандин ҳолатҳои нагузаронидани нишастҳои матбуоти мувофиқи нақшаи тартибдодаи ҳукумати вилоят, ҷавоб нагардонидан ба мақолаю гузоришҳои таҳлилию танқидӣ аз ҷониби шахсони масъул изҳори нигаронӣ намуда, мушкилоти дигари соҳаро дар набудани чопхонаи замонавӣ дар минтақаи Кӯлоб арзёбӣ карданд. Дар вохӯри қайд карда шуд, ки айни замон ташвишовар он аст, ки рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба моҳвора ва ҷашнвора табдил ёфта, аз ҷониби ҳокимиятҳои давлатии ноҳияҳо дастгирӣ намеёбанд. Муовини раиси вилояти Хатлон дар анҷоми вохӯрӣ пешниҳодҳои хабарнигоронро дурусту саривақтӣ номида, онҳоро бовар кунонид, ки пешниҳодҳои онҳо оҷилан ба ҳукумати вилояти Хатлон расонда хоҳанд шуд. 

Октябрь 6, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад