ЗИЛЗИЛАИ ШАБОНА
Душанбе, 23 октябр. ( АМИТ«Ховар», Наталя Михайлова). — 23 октябр нисфи шаб, соати 00. 51 дақиқа дар ҳудуди мамлакат заминҷумбӣ ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи ҷадвали МСК-64 қувваи заминҷумбӣ дар пойтахт 4-5 ва дар вилояти Хатлон 3-4 дараҷа буд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Идораи маркази зилзиласанҷии Душанбе иттилоъ доданд, маркази заминҷумбӣ дар ҳудуди Афғонистон 290 км ҷанубу шарқии Душанбе дар умқи 190 км. ба қайд гирифта шуд. Дар маркази заминҷумӣ қувваи он аз рӯи ҷадвали МСК-64 6 дараҷаро ташкил кард. Заминҷумбӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ва пойтахти Покистон шаҳри Исломобод низ эҳсос карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






