ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ ШАҲРДОРӢ ДАР МАРКАЗИ РАВОБИТИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — 10 ноябри соли 2009 дар толори маҷлисгоҳи Маркази равобити пойтахт ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили омодагиҳои пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ ва ҷараëни татбиқи фармони марбутаи Президенти мамлакат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва гузариш ба фурӯзонакҳои каммасраф дар марзи маъмурии шаҳр ва иҷрои қарорхои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар ин самт ва дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҳадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар кори ҷаласа дар радифи фаъолони пойтахт муовини авали сарвазири ҷумҳурӣ Ассадулло Ғуломов, вазири Меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ва дигар масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд Дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмасаид Убайдуллоев зикр гардид, ки тибқи нақшаи шаҳрдорӣ дар қаламрави пойтахт то 1 августи соли ҷорӣ тамоми ташкилоту идораҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаронида шуданд ва барои иҷрои ин амал аз ҷониби аҳолӣ ба тариқи ройгон ба оилаҳои камбизоат дастрас намудани фурӯзонакҳо ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои зиëде амалӣ гардиданд. Феълан имкон аст, ки ҷиҳати бозсанҷии корҳои анҷомгирифта ва тақвияти фаъолият дар ин ҷода аз ҷониби комиссияи салоҳиятдори ҷумҳуриявӣ бо иштироки бевоситаи масъулини шаҳру ноҳияҳои пойтахт корхои санҷишӣ анҷом дода шавад. Бо мақсади расидан ба ин хадафҳо дар чаласа комиссияи муштарак таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои марбута шомил карда шуданд, ки аз 10 ноябри соли равон ба кори худ шурӯъ менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






