ҶАВОНОН ПРЕЗИДЕНТРО ТАБРИК КАРДАНД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Имрӯз, 24 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нафар донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дарозиаш 90 метр ва бараш 4,5 метрро ташкил медод, пешвоз гирифтанд. Ин чорабинӣ ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр қайд гирифта мешавад, бахшида шуда буд. Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун «Оид ба рӯзҳои ид» ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он ҳамасола 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






