18 НАФАР СОҲИБИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУДАНД
Мӯъминобод, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод барои баланд бардоштани фаъолияти касбии омӯзгорон 80 нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуд, гуфт раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров ва афзуд, ки дар ин давра бо саъю кӯшиши омӯзгорон дар олимпиадаи ноҳиявии мактаббачагон 30 нафар хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои вилоятӣ роҳхат гирифтаанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бошад хонандаи синфи 11-и Гимназияи давлатии «Ҳиммат»-и ноҳия Комрон Мусоев аз фанни технологияи информатсионӣ сазовори ҷои сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Соли равон барои гирифтани квотаи прездентӣ аз 130 нафар довталабон 18 нафар беҳтаринҳо сазовори квота гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия 20815 хонанда дар мактабҳо ба таҳсили илм фаро гирифта шуда, аз ин 1002 нафарашон мактабро хатм намуда, 461 нафари онҳо ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа дохил шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98 нафар зиёд мебошад- афзуд раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






