38 – УМ НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар муҳити Бадахшон бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ хеле мувофиқ аст, Зеро дар ин диёр деҳаҳои кӯчак ва аз ҳамдигар хеле дур мустақаранд. Аз ин лиҳоз ҳоло дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барномае рӯи кор омадааст, ки тариқи маблағгузории ҳукумати ҷумҳуриву созмонҳои ҷаҳонӣ дар ҳар як деҳа нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд карда мешаванд. Ҳоло дар вилоят 37 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд. Ҳафтаи ҷорӣ бо маблағи Бунёди Оғохон пойдевори нерӯгоҳи хурди барқии 38 – ум дар қарияи Чадуди ноҳияи Рӯшон гузошта шуд. То соли 2020 бошад боз 8 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ танҳо бо маблағи Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Тибқи барномаҳои созмонҳои ҷаҳонӣ низ бунёди 7 — 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар назар аст. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, соли 2010 бунёди 3 нерӯгоҳи хурди барқӣ: Язгулом-1, Язгулом-2, Оқсуи ноҳияи Мурғоб оғоз меёбад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






