435 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗҲО БАХШИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) — Дирӯз, 17 ноябр дар толори бинои маъмурии ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мулоқоти кории мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Неъматҷон, муовини аввали вазири кишоварзӣ Амиров Раҳмоналӣ, муовини раиси Бонки миллӣ Юсупов Ҷамшед, директори Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор Шералиев Муҳриддин, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Лук Барбуне ва дигар шахсони мутасаддӣ бо хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Бохтару Вахш ва ширкати сармоягузории ҶСК «Тамер — ИНБ» баргузор гардид. Дар рафти мулоқот оид ба мушкилоти мавҷудаи деҳқонони пахтакор, пардохти қарзи сармоягузорон, роҳҳои рушди устувори соҳаи пахтакорӣ мубоҳиса сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки айни ҳол хоҷагиҳои пахтакор ба маблағи 702 миллион доллари ИМА қарздоранд. Аз ин маблағ 435 миллион доллари ИМА пурра ва 113 миллион доллар ба ивази қоғазҳои қиматнок, бахшида мешаванд. Аз сабаби он ки 154 миллион доллари боқимондаро сармоягузорон ғайримақсаднок истифода бурда ба деҳқонон надодаанд, ин маблағ бо роҳи додани қарзи асосӣ аз соли 2013 бо 8 фоизи солона ва пардохти фоизи он аз моҳи январи соли 2010 дар интиҳои ҳар семоҳа баргардонида мешаванд. Умуман, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини ислоҳот гурӯҳи корӣ тасъсис шуд, ки фаъолияти он барои омӯзиш, санҷидан ва баҳогузорӣ кардан ба қарзҳои мавҷудаи хоҷагиҳои пахтакор равона гардидааст. Тавре мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Н.Х. изҳор кард, «Бо бахшидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мушкилоти имрӯзаи деҳқонон тамом намешаванд, балки барои рушди соҳа дигар роҳҳои ҳавасмандгардонӣ низ лозим аст». Дар хотимаи машварат дар маросими тантанавӣ ба 100 хоҷагии пахтакори ноҳияҳои Вахшу Бохтар Тасдиқнома оид ба озод шудани онҳо аз пардохти қарзҳои то соли 2008 буда, супорида шуд. Худи ҳамон рӯз чунин Тасдиқномаҳо оид ба озод шудан аз пардохти қарз ба 94 хоҷагии пахтакори ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ супорида шуд. «Раванди бахшидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор бесобиқа мебошад, — гуфт директори Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор Шералиев Муҳриддин, — шояд дар ибтидои ин амал норасоӣ ва камбудӣ ба назар расанд, бинобар ҳамин хоҷагиҳои пахтакоре, ки аз сармоягузорон қарздор ҳастанд ва мушкили пардохт доранд, метавонанд ба роҳбарони ноҳия ва Маркази мазкур муроҷиат кунанд».








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






